Текст книги "Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо"
Автор книги: Шаҳзод Кенҷазода
Жанр: Поэзия, Поэзия и Драматургия
Возрастные ограничения: +12
сообщить о неприемлемом содержимом
Текущая страница: 1 (всего у книги 3 страниц) [доступный отрывок для чтения: 1 страниц]
Сафед
Маҷмӯаи шеърҳо
Шаҳзод Кенҷазода
© Шаҳзод Кенҷазода, 2024
ISBN 978-5-0062-8398-5
Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero
Ту барои ман азизӣ!
Ту барои ман азизӣ!
Ту барои ман тамоми дилу ҷонӣ,
ки нафасҳои ман аз будани он мехезад,
Ва забонам, ки фақат номи туро медонад,
Ва ду чашмам, ки туро мебинад,
Ва лабонам, ки зи лабҳои ту як бӯсаи гарм
Ва танам оғӯшат
Ва ду дастам, ки ба зулфи ту зи ночорӣ
раҳе мехоҳад,
Ту ба ман бо ҳамаи ҳастият
ва ба ин хомушию мастият
Каси даркортарини манӣ, зебои дилам!
Ту барои ман азизӣ!
Ки дигар ҳеч касе, мисли ту бар дил
натавонад нишаст,
Ва қафас роҳи дигарро ба ҳама хубу баде
рост бибаст.
Лаҳзаеро, ки ба ман бахшидӣ,
Дами зебои ҷаҳон буд барои мани девона ҳамон,
Ту зи ман дур мабош,
Ту фақат бо ман мон!
Ту барои ман азизӣ!
Чӣ бигӯям,
Чӣ нагӯям…
Чӣ ки мегӯиву гуфтиву шунудам,
ҳамааш дар ёдам
Ту ки ҳастӣ мани зиндонӣ ҳаме озодам…
Ростӣ
ман зи ҳаётам
Бо ту бошам
шодам!…
«Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо…»
Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо,
Фарқе надорад бар касе, буду набуди мо.
Пас аз ғаме пайдо шавад, андӯҳи тозае,
То оташи дигар занад, бар рӯйи дуди мо.
Ҷуғрофиёи ин замин танг асту бесамар,
Дар назди ҳаҷми ғуссаҳои беҳудуди мо.
Созанда, най навозу бигӯ бар мани асир,
Оё ту дидӣ ранг, ба сақфи кабуди мо?
Аз мо набуду хостем, аз мо шавад яке,
Бо латма мерабояд онро ҳасуди мо.
Кай омадан сиёҳ буд, кай рафтан ончунон,
Оғози марги мост, рафиқам, вуруди мо.
«Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар…»
Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар,
Ва чун осон шавам инкор, надорам бовар.
Дар нигоҳаш ҳама дарде, ки аён аст маро,
Бизанад хандаи саршор, надорам бовар.
Лаҳзаҳо мегузаранду ғами ман дар қафасам,
«Хайр!» гӯяд саду як бор, надорам бовар.
Дили мо хонаи хубест, вале бе дару дом,
Ҳар кӣ ояд, накунад кор, надорам бовар.
Зиндагонӣ ба сари мо чӣ ҷафоҳо дорад?
Ба сукути сари бозор, надорам бовар.
Онкӣ мисли мани ошиқ ҳамагӣ бедор аст,
Дорад аз ман ғами бисёр? Надорам бовар.
Ҳарчӣ гуфтанду бигӯянду нагӯянд, вале
Ман ба дил кандани хуммор, надорам бовар!
«Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас…»
Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас,
Мо намехоҳем бедодиву ҷанги ҳеч кас.
Мо намедонем пиндори бадеро аз азал,
Мо намеронем ҳарф аз ному нанги ҳеч кас.
Мо намегӯем дар ин зиндагӣ чизе бад аст,
Мо намемонем бар тасвиру ранги ҳеч кас.
Мо намеҷӯем айб аз кори ҳар бечорае,
Мо намедорем хас бар чашми танги ҳеч кас.
Мо намехандем бар ҳоли ҳақиқатгуфтагон,
Мо намемирем аз борони санги ҳеч кас.
Мо намесозем аз сар кӯҳҳои бесурур,
Мо намегардем роҳи пойи ланги ҳеч кас.
Мо наметонем оё, пас бигӯедам чаро,
Мо намегирем мулки худ зи чанги ҳеч кас?
Мо намеғунҷем, эй дил, бо ту бар рӯйи замин,
Мо намесӯзем қалби поку шанги ҳеч кас!…
«Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст…»
Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст,
Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
Ишқ чун омада, медонӣ ба қалби ошиқ?
Боиси ин ҳама девонагӣ як лабханд аст.
«Дӯст дорам!» Ба ҳама гуфтани ин нодонист,
Агар онро ту шунидӣ, ки ҳамон савганд аст!
Боварӣ дорӣ, агар дӯст надорӣ ту касе,
Ба дили мо бинигар, ойинаи дилбанд аст.
Ишқ – вақте ба ту ғам омадаву танҳоӣ,
Лек аз дидани аксе дили ту хурсанд аст?
Ишқ, яъне ба ту маънои ҳаётат омад,
Ки ту меҷӯӣ варо, лек надидӣ, чанд аст.
Ишқ – он аст, ба дилдодаи худ мегӯӣ:
– Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
«Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад…»
Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад
хаёли мо,
Наметарсӣ чаро ин гуна аз қаҳру уболи мо?
Чу як девона такрораш кунам, аммо намеёбам,
Бигӯ то кай ҷавоберо намеёбад суоли мо?
Дар ин танҳоӣ мегардам, зи худ бегонаву шояд,
Касе ёбад хабар аз хастагии қалбу ҳоли мо.
Намедонам кадомин лаҳза мепӯшад ба тан ҷома,
Ба мисли кӯдаки урён, таманнои муҳоли мо.
Кӣ мебозад ба ҷуз мо дар тамошогоҳи ин дунё,
Чунин девонавор аз ишқи ту дар саҳна роли мо.
Нашуд баъд аз вафоти Ҳофизи Шерозӣ кас пайдо,
Ки созад рӯзу шаб зоҳир,
чунон риндона фоли мо.
Кунун парвози одам дар ҳаво он сон
гарон гардид,
Ҳама донад, шикастӣ, ҳамчу дилҳо бехи боли мо.
Биё, бо зӯри лабханде, ҷаҳонеро чароғон кун,
Намедонӣ, чӣ тур мӯҳтоҷи ишқ аст эҳтимоли мо.
«Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам…»
Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам
ёди туро ҷонон?
Дилам гӯяд макун қаҳру
бирав созиш бикун бо он.
Намегӯям, намегӯям, чунин ҳастам,
чунон ҳастам,
Ҳазорон дардро дар кунҷи қалбам
кардаам пинҳон.
Куҷо хуршед метобад, намебинам, чаро, эй дил?
Бароям осмон абрист, ҳар дам мезанад борон.
Касеро ман намехоҳам, намедонам, чӣ мехоҳам?
Туро ман дӯст медорам, туӣ наздиктарам аз ҷон.
Ба рӯят аз тағофул чизи дигарро намебинам,
Агар рӯзе бимирам аз фироқат, мешавӣ ҳайрон?
Бирав, эй марди доно, нест инҷо ҷойи хомӯшӣ,
Аз ин девонагӣ ҳосил гирифтам, гаштаам сарсон.
Бипурсидам зи бас, шояд касе инро намедонад,
Куҷо оғоз шуд ин қисса кай пайдо кунад сомон?
Тамоми умри кӯтоҳам, ба ҳиҷри чеҳраи моҳат,
Гузашт, эй меҳрабон, о, ин дилам
бар ҳоли худ гардон!
«Магар аз хона биронанд…»
Магар аз хона биронанд,
куҷо меравӣ, эй дӯст?
Хаста чун кӯҳи Дамованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
Ҳама манзил, ки ба як ҷо барад охар сари моро,
Ту ба ҷуз назди Худованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
Умри якбора ба оворагӣ бигзашта равад, ҳайф,
Ту на сарсон шудӣ ҳарчанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
Ҳар қадар сонияи мо, ки ишорат диҳад аз ғайб,
Бишнав аз фосила як панд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
Гарчи бишкастӣ тамоми дилу ҷонро, чӣ бигӯям?
Ба амал кардани савганд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
Шавқи дидори ту дар дида аён аст, биё,
то бо ман,
Ҳамнафас бошиву хурсанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
Роҳи мақсуди ту дур аст, бале, дури дарози беҳад,
Пеши ман о, ба Самарқанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
«Ин чӣ сиррест…»
Ин чӣ сиррест,
ки дар ҷони ту пинҳон шудааст?
Он чӣ сӯзест, ба мо решаи фармон шудааст?
То кунун рӯйи ҷаҳон ҳамсафари ишқ, ки буд
Аз нигоҳи дили Маҷнун ҳама ҳайрон шудааст.
Назаре афканӣ кофист ба мо, вовайло,
Дидаат мурдаи моро ҳама дармон шудааст.
Зи куҷое ба замин Одаму Ҳавво омад?
Пас аз он манзили мо хонаи шайтон шудааст.
Айби мо бар сари нафсе натовон истодем,
Баски он дам ба шикоят сари имкон шудааст.
Ақл дорему забон, дида, ҷаҳон мебинем,
Чанд кӯре ба ҳавас гӯӣ мусалмон шудааст.
Қалби вайронаи моро туӣ меъмори азиз,
Чи кунам, чун дили зебои ту вайрон шудааст?
Самарқандам
18-уми октябр —
рӯзи шаҳри Самарқанд аст
Бароям, эй сабо, овардӣ пайғоми Самарқандам,
Ки дурам ман, чӣ зебо гуфтиям
номи Самарқандам.
Забон ҳайрон, бигӯям ё нагӯям,
шодӣ рафт аз ман,
Мусофирам, ба ёд ояд, фақат коми Самарқандам.
Шаби торик, хиёбони ҷавонон, боми Регистон,
Шабеҳи он набошад дар замин,
роми Самарқандам.
Агар амсоли онро ман кунам таъриф, куҷо дорад,
Чу нону обу себу ноку бодоми Самарқандам?!
Замину осмонаш пок,
чун халқи накӯву хоксори худ,
Ҳама фориғ зи ғам,
озодӣ – аҳкоми Самарқандам.
Намехоҳам, тамоми сарвати дунё шавад аз ман,
Бароям беҳтарин ҷоиза,
шаҳҷомӣ – Самарқандам.
Ромишгари бузург
Ба Устод Муҳаммадризо Шаҷариён
Эй садоят аз баландиҳо ба мо орад хабар,
Ин садоро аз дили мо то абад, ҳаргиз мабар.
Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
Бар хурӯш о!…
Наъра зан!…
Исён кун!
Ғамро бубар!…
Эй, ки дар майхонаи мо май туӣ, соғар туӣ,
Дар замони безабон, танҳотарин довар туӣ.
Ғарқи ишқему ба мо аз дардҳо ёвар туӣ,
Боз ҳам андешаи нав ор, чун гулҳо ба бар.
Мо зи оҳанги ту ҷонро бар амон овардаем,
Мо чароғ андар ниҳоди ин замон овардаем.
Мо туро ҳамчун ба қалби хеш аз он овардаем,
Боз рӯҳи ҳар касе бинмо ба оҳангат забар.
Як суруди ошиқона, як суруди беғубор,
Аз ту мехоҳем, эй Устоди бузурги табор.
Бо садоят бар дили мо завқ ор, озодӣ ор,
То касе натвон занад бар решаҳои мо табар.
Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
Хезу бо ҳар ғуссаҳои умр, чун Рустам, ситез!…
«Тулӯъи партави ҳуснат…»
Тулӯъи партави ҳуснат
бароям доварӣ дорад,
Хушо, ки дидани рӯи ту меҳри ховарӣ дорад.
Ба ишқам бо нигоҳи шӯхӣ мангар, эй малаксимо,
Дилам бар ваъдаи барбоди ту чун боварӣ дорад.
Ҷафоҳоят пазируфтам, пазироям, ки баъд аз ин
Фалак бар дидаи мо турфа нақшу соварӣ дорад.
Бигӯям шукри Яздоне, маро осуда медорад,
Ба посухи машаққат андаке ҳам ёварӣ дорад.
Зи оғӯши баҳори худ маро бебаҳра месозӣ,
Дарахти умри мо гаҳ хушку гаҳ бороварӣ дорад.
Маро дар оташи ишқат бисӯзонӣ, намемирам,
Муҳаббат ин чунин зӯру сари ҷанговарӣ дорад.
«Садои хаста будани маро шунидани ту бас…»
Садои хаста будани маро шунидани ту бас,
Маро ҳамин шуниданат, диҳад ҳазору як нафас.
Ба рағми одатам, туро намекунам дигар хаёл,
Чи гуна ишқи меҳрубон, ситам кунад ба ҷони кас.
Кабӯтаре, ба сӯи ман наё, зи ман хабар нагир,
Бубин чи тавр ҳолатам, бубин чи танг шуд қафас.
Дар ин ҳавои зиндагӣ шамоли тунд мевазад,
Ту пушту пешро нигар, намонда ҳеҷ асар ба пас.
Азизи ман, ба роҳаму равам ба назди ту, басе
Зи теғи чашми ҷодуят, зиёда мешавад ҳавас.
Ҳама ҷафо барои як нафар гаронӣ мекунад,
Агар навозише бувад, шарик намо, ба қадри хас.
«Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст…»
Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст,
Бигзашта дақиқу олами ғайб ниҳон аст.
Илму амали мо ҳамагӣ баҳри паёмест,
Аз бори сипаргашта бари хайр гарон аст.
Беҳуда маҷӯем нивиштори ниёгон,
Маҷмӯаи пай дар пайи андӯҳу фиғон аст.
Болиданамон аз ҳама ин наҳри аён чист?
Не ҳоҷати гуфтору на даркори баён аст.
Бо фурсати имрӯза фақат роҳ кушоем,
Ҳар лаҳза ба пайдоиши мӯъҷиза макон аст.
Ояндаи рахшон ба назар мерасад ар ҳол,
Дар дил шараре бошаду пайванди такон аст.
Ин гардиши сонияи умр аст, на таърих,
Пирӯзию иқбол ки вобаста бар он аст.
Рӯйоварӣ дар асри тамаддун ба қафо ҳайф,
Идроки қавӣ бештар аз тиру камон аст.
Дар кӯи наҷоти ҳама мақсуди абармард,
Андӯхтани ҳолати имрӯзи замон аст.
Падар
Ҳар замон аз буданам дар ин замин
Мешавам шодон, чу тифли безабон.
Менамоям шукри яздоне, ки ҳаст
Мекунам шукри тамоми ин ҷаҳон.
Рӯз то рӯз мерасам ман бар камол,
Аз набудиҳо нагаштам дарбадар.
То кунун ҳаргиз надидам ман завол,
Дар сарам чун соябон гардид падар.
Ёд дорам, ҳарфи абҷадро шабе,
Бо ҳазорон ранҷҳо омӯхтам.
Буд он устоди ман, шодон будам,
Гӯиё асрори ганҷ омӯхтам.
Пеш рафтан дар раҳи некўву ҳақ,
Он биёмӯхт, ин шиори зиндагист.
Ишқ варзидан ба илму маърифат
Як қадам бар давраи тобандагист.
Борҳо таъкид намуд, бар ман: – Писар!
Шоирӣ бар дӯши ту орад ғаме!
Лек, аммо, ман набитвонам падар,
Тарки шеъру шоирӣ кардан даме.
Дар раги ман хун занад туғён чу мавҷ,
Ин ҳамон хуне, ки дар рагҳои ӯст.
Гар расад рӯзе сарам бар тоқи авҷ,
Ин ҳама аз ранҷу захматҳои ӯст.
Ҷавонӣ
Ҷавонӣ! Бо ту ман аз кӯчаҳо бисёр нагзаштам,
накардам бештар монанди дигарҳо худандозӣ.
Ба ишратҳои беҳамтову даври дӯстонам ҳам,
надидам ҳеч худро дар миёни баҳсу лаҷбозӣ.
Ҷавонам то ҳанӯз аммо, мисоли ман ҷавоне ку?
Чунон саргарми ғавғоям, ки гӯӣ дар сарам олам.
Надорам тоқате бар ҳарзагӯиҳову мастиҳо,
Барои бо худам будан, ҷаҳони холӣ мехоҳам!
Ман андар байни ин дунёю он дунё парешонам,
Ба рӯҳам ҷомае пӯшидаам, оҳиста месӯзад.
На оташ медиҳад анҷом ин умри гаронамро,
Ман аз теғе бимирам,
к-он нигаҳ бар сина медӯзад.
Ҷавониям, чунон зуд аз барам парвоз мехоҳад,
Дигаргун мешавад то рафт дар оинаҳо тасвир.
Наметарсам сиёҳи мӯям ар гардад сапед, ин сон
Дарахтон сабз мерӯянду хокӣ мешаванд охир.
Ҳазорон ҳайф, медонам, ҷавонӣ барнамегардад,
Аз ин рӯ, ман ҳамин ҳоло, худамро боз месозам.
Ба шеърам медиҳам болу ба ҳарфи хеш озодӣ,
чу бо ҳар як сухан бар қалби инсоне раҳ андозам.
Ҷавонӣ! Бо ту мехоҳам, рафиқи ҷоние бошам,
Набитвонад ҷудо кардан туро аз ман талотумҳо.
Гузашти солу маҳ орад, агар чанде ба рӯ ожанг,
бароям даргузашту пирӣ монад ҳамчу мафҳумҳо.
Олу
Як дона олуро гирифту бар даҳон андохт,
бо дидани ман дар лабаш лабхандҳо омад.
Бо нӯги мӯяш аз ҳаё бар бозие пардохт,
аз дидаам чашмаш гирифту бар замин омад.
Гӯӣ ки дар умқи нигоҳам буд шарори барқ,
ё сад ҳазорон ҷилваи кайҳони бепоён.
Аз ман намедонист куҷо бигрезад ин ҳангом,
ман бо тамоми ҳастиям дар иффати ӯ ғарқ.
Мо ҳар ду худ биспарда будем андари доме,
чун як асири шодмон, чун бастаи озод.
Дар ақл оромию дар дил шӯълаи коме,
танҳо ба ҳоли мо гувоҳе буд, ки ӯ ҳам бод.
Оҳиста поям мениҳам сӯи парипайкар,
оҳиста лаб во мекунам то ҳоли ӯ донам.
Ваҳ, ин чӣ зебоӣ? Кӣ зод онро чу як заргар?
Ваҳ, ин чӣ эҳсосе, ки ман ҳозир диҳам ҷонам?
Дар рӯи ӯ сурхии олу мешавад пайдо,
дар чашми ман уммеди будан дар бараш як дам.
Кош ин дами тӯлонии умрам шавад, аммо
ҳусни варо то лаҳзаи охир надидан кам!…
Пазироӣ
Ман худамро мешиносам!
Одамам дар мавҷи одамҳои дунёе, ки меҳмон мешаванд ҳар рӯзу нобуд ҳам,
Одамам, буду набудам бо Ҳаво вобаста, медонам.
Андарунам баҳри сурхе то нафас дорам
ҳавас дорад,
Сайр бинмояд тамоми ҷисму ҷонамро.
Ман худамро мешиносам!
Зодаи деҳам ва дар шаҳре худамро
ҷустуҷӯ дорам,
Ҳарфҳоям бӯи деҳистону
рафторам намуди деҳаро дорад,
То ҳанӯз аз худ намесозам каси воломақомеро,
Чун ки дар деҳам ҳама монанди кӯҳу
хонаи лоянд,
Содаву бо ҳам қарину бериё, дилбанд.
Тифлаке будам, падар аз дасти ман медошт,
Шояд аз дасташ гузашт ин шоирӣ бар ман.
Як дам аз шеъру ғазал дурӣ надидам ҳеч,
Лаҳзае бар ин ҷудоӣ тоқатам ҳам нест,
Ман худамро бо китоби панди Мавлоно,
Бо шакаргуфториҳои Саъдии Шероз,
Бо нигоҳи Ҳофизу бо дониши Сино,
Бо насиҳатҳои Соиб мекунам пайдо.
Ман худамро мешиносам, мекунам эҷод,
Ишқ меорад ба лаб оҳанги зеборо.
Гоҳ ғарқи олами беш аз тамоми ҳастии худ мешавам чун бод,
Гоҳ баҳри сардии андешаҳое мешавам оташ,
Гоҳ баҳри сабзии гулҳои дил обам,
Аз азал хокию охир ҳамбари хокам,
Дар замини кӯчаке монанди афлокам!
Ман худамро мешиносам!
Ин ҳанӯз андак,
Худшиносӣ мекунам то лаҳзаи поён,
Қуллаҳое ҳаст дар ман, худ намедонам,
Бо гузашти умр як-як мешавад равшан.
Мепазирам ман шуморо ношиносонам,
Қуллаҳои ноаёни ошнои ман!
«Одатам нест, касеро ба касе бифрӯшам…»
Одатам нест, касеро ба касе бифрӯшам,
Одатам нест, ба ҳарфи ҳама додан гӯшам.
Одатам боварии беш ба худ доштан аст,
Одатам дар дили ҳар кас ҳавасе коштан аст.
Баҳри ин мардуми хушҳол диҳам дорамро,
Ҳеч нагзошта бар дӯши касе борамро.
Одатам то ки тавонам бинишонам дарахт,
Диҳад он соя ба гармию диҳад мева ба сахт.
Дӯст дорам бинишинам ба бари дӯст ҳаме,
Байни ин давра фақат сулҳу ба дил нест ғаме.
Дӯст дорам шунавам ҳарфи рафиқонамро,
Дӯст дорам бидиҳам гар талабад ҷонамро.
Ман аз ин ҷо ба худам ҳеч намехоҳам, ҳеч,
Бигзарад бо ману бе ман нафасе андар печ.
То ҷаҳон ҳаст, фақат сулҳ ба олам хоҳам,
То ҷаҳон ҳаст, фақат меҳр ба одам хоҳам.
«Туро озурда мебинам…»
Туро озурда мебинам,
дилат хун гашта баъд аз ман,
Табассум кам ва андӯҳу ғам афзун гашта
баъд аз ман.
Зимистони замин яксон намудаст он нигоҳатро,
Магар нодида мегирад, ҳама ин дарду оҳатро?
Намехоҳӣ ҷудо гардӣ зи ёдам хуб медонам,
Тамоми хотироти боҳамӣ маҳбуб медонам.
Бароям лаҳзаҳои ҳамдамӣ буд мисли як рӯъё,
Набояд буд раҳо кардан, кунун фаҳмидам он гӯё.
Вале дер аст, акнун бар пушаймонӣ, ки медонӣ,
Ту ҳам монанди ман лаб баста
дар торикӣ мемонӣ.
Писанди мо ғурур андар миёни ишқу худхоҳӣ,
Ман ар шоҳи ҷаҳон бошам,
ту дар қайди фалак моҳӣ.
Замин ҷои бузурге нест, ин танҳоии мо низ,
Ту мебинӣ марову ман туро рӯзе, Худо ҳофиз!
«Қафасам дар ҳама ҷо…»
Қафасам дар ҳама ҷо
бе ту гирифтори ғам аст,
Ман гунаҳкораму ин ҳам ба муҷозот кам аст.
Ҷанги ҳастию аҷал дар танам исён дорад,
Хидмати ҳусни ту дар ҳастии ман муҳташам аст.
Меравам кӯча ба ёдат, нигаҳам дар ҳама ҷо,
Хубрӯён пур, аз андӯҳи ту дар дида нам аст.
Коштӣ донаи ишқу ба дилам гаштӣ ҷудо,
Пас аз он гавҳари чашмам пайи ҳар як қадам аст.
Ба дуо даст кушоям чу ғуломони Карим,
Ки ҳама тоати осӣ ба умеди карам аст.
Гар ба додам бирасӣ хонаи қалбам обод,
Гар наёӣ зи парешонӣ маконам адам аст…
«Зи дарду ранҷҳоят…»
Зи дарду ранҷҳоят
метавон гуфтан хабардорам,
Маро девона месозад чунин ҳолат басе ёрам.
Ба дурӣ метавонад одамӣ қадри касе донад,
Ман аз ин одати бе нафъу бе фоида безорам.
Туро танҳо гузорам баъд аз ин бо шодиҳоят мон,
Мани танҳо бимонам, ҳамраҳам гардида озорам.
Хабар аз ҳоли ман ҳаргиз наояд бар сари ёдат,
Гаҳе сокит шавад, гаҳ шӯру ғавғо байни бозорам.
Замони зиндагӣ бо ин ҷудоиҳо чӣ сон бошад?
Ту медонӣ, ки ман ҳоло
бар он қисмат харидорам.
Барои ҳақпарастон то ҳанӯзам эътиборе нест,
Аз ин рӯ мисли Мансури «Анал Ҳақ»
дар сари дорам.
Гар аз таҳти дилам сӯят
чу Шиблӣ гул барафшонам,
Ба чашми одамон монанди Маҷнун
хаста, беморам.
Худо ҳофиз, дигар моро набинад бо ҳам ин олам,
Агарчӣ сахт сангин асту ман дар ин гунаҳкорам!
Ту медонӣ
Ту медонӣ, агар аз дур меоям ба дидорат,
Чаро оғӯш мехоҳам?
Ва ё аз бӯсаҳои гарми лабҳоят?
Намедонӣ?
Бубин,
ҳар ҷо ки танҳоям,
Агар дар он макон бошад фаровон шодӣ ё уммед,
Ман онро бе ту ҳаргиз метавон гуфтан
Пазируфтан наметонам.
Ва дур аз ту
Бароям ҳеч шодӣ нест…
Ба лабҳоям фақат ҳусни ту дорад
қувваи овардани лабханд,
Ва ҳангоми нигаҳ кардан ба чашмонат
Назар афкан ба сӯйи синаам боре
Дар он пар-пар заданҳои
кабӯтарҳои қалбамро ту мебинӣ.
Ту баҳри ман тамоми манбаи эҷоду таскинӣ.
Ман умрамро баид аз тафти дастонат
намехоҳам супурданро…
Ту медонӣ, чаро оғӯш мехоҳам?
Барои он, ки ҳатто Каҳкашон ҳам
бе ту дар наздам
Чу ҷои холӣ метобад.
Ман онро дидаам дар умқи чашмонат
Ва ғарқи лобало гардидаам он лаҳза бо шавқе,
Надорам роҳи баргаштан.
Туро мехоҳаму дигар
надорам орзуи беҳтар аз онро…
Самарқанди азиз!
Ваҳ, чӣ зебоӣ? Дигар гаштӣ Самарқанди азиз!
Маскани илму ҳунар гаштӣ Самарқанди азиз!
Дар Раҳи Абрешами олам туро дидам фақат,
Махзани симу гуҳар гаштӣ Самарқанди азиз.
Мисли шаҳдухтони барноят дар ин ҷуғрофиё,
Чун гули болонигар гаштӣ Самарқанди азиз!
Шаҳри боқӣ дар нигоҳи рӯи дунё ҷилва кард,
Бебаҳо мисли сувар гаштӣ Самарқанди азиз!
Шоирон дар ҳайрат аз ҳусни диловезат чунон,
Манбаи ҳар шеъри тар гаштӣ Самарқанди азиз!
Аз азал бо меҳрубонӣ баҳри фарзандони худ,
То тавонистӣ, сипар гаштӣ Самарқанди азиз!
Дар лаби ҳар як ҷаҳонгарде бароят офарин,
Пойтахти хушхабар гаштӣ Самарқанди азиз!
Баҳри ҳар дилбастаи номат, ки аз нонат бихӯрд,
Беҳтар аз шаҳду шакар гаштӣ Самарқанди азиз!
Аз бароят ҷон фидо бинмуда шерони Ватан,
З-ин сабаб чун тоҷи сар гаштӣ Самарқанди азиз!
Орзуи умри бо ҳам зистан
Дигарон ҳаргиз маяндешу нигаҳе кун ба ман,
Чун туро ман мешиносам,
Дӯст медорам
Ва бар ҳарфи дилат ман гӯш хоҳам дод
Чун ҳангоми дигарҳо туро монанди одамҳои одӣ мекунанд эҷод
Ман дар синаам баҳри ту қасре кардаам бунёд.
Оре, қасри рӯёӣ,
Вале дар он фақат ман бо ту хоҳам зист
Зери сояҳои шохаҳои бед
Курсии ором,
дар чашм айнаки торик
Дар ду курсӣ, аммо дастҳомон баста бо уммед
Хуш овози оби ҷӯй
Чун тӯфони андар дил
Моро мекунад ошиқ ба ҳам беш аз тамоми умр.
Бо ту ман ин гуна хоҳам зист,
эй духтар,
ки дорам дӯст,
Моро дар ҷаҳон ҷизе ҷудо ҳаргиз нахоҳад кард
Ҳамчун Моҳ аз Хуршед
Ҳамчун барг аз шоху дарахт аз меваи ширин
Ҳамчун мавҷу дарёе ману ту боқӣ мемонем бо ҳам
Ё намемирем.
Ба ҷои гиря
Барои гиря кардан гоҳ-гоҳе мешавам холӣ,
Вале ашкам намеояд
Ки гӯё ман даруни марди мардон ончунон номарди номардам
Ва ё дар байни номардон
Фақат мардам…
Намедонам, чаро ин гуна бераҳм аст ин дунё?
Ки дар хандидани ҳар кас
Ҳазорон баҳри ашки тоза мебинам
Вале фурсат намеёбанд
Ки биншинанду
фарёде зананду
дардро аз худ бурун созанд…
Бале, ашкам намеояд
Вале он сон, ки мехоҳам бигирям бар сари девору дарҳое, ки бар рӯ баста мегарданд,
Барои дур гаштанҳо,
Зи баҳри ҳеч чиз ранҷидани маъшуқа аз ошиқ
Ва ё дигар чунин ҳоле, ки мефаҳмам,
Ман осон гиря хоҳам кард, мисли маҳбуси бегона аз зиндон
Даруни синаам таркад
тамоми буғзу дарди ман
Ва мебинам, ки дар олам
Ҳама монанди ҳам умре ба сар доранду мемиранд,
Аммо зиндагонӣ баҳри одам беҳтарин розест,
Устодест,
Омӯзиш фақат озод!
Ва ҳар кас метавонад дил ба кас додан
Ва як дам меҳрубонӣ кардани онҳо
Ба шодӣ мешавад боис
Барои гиря кардан гоҳ-гоҳе холӣ биншинед
Ё ҳамроҳи наздикон
Ки бинанд, андаруни он қафас як синаи зебо ниҳон гардидааст, он ҳаст!
Аз зиндагӣ сармаст!
Ба назди душманони хеш ҳам гоҳе бирезед
ашки хунолуд,
То бинанду гӯянд, ин замони душманиҳо
сахт дилгир карда онҳоро,
Пас аз он мешавад охир
Тамоми ҷангҳои бесабаб шояд
Ва дар қалби касе захми адоватро намебинем,
Суруди ишқ мехонем,
Дар дидаи ҳам мисли як довар
Кунун монанди ман як пораи оҳан*
Барои гуфтани ҳарфе, ки дорад андаруни
мағзи барқинаш
Наметарсад
Ва ин тарси маро он дарк ҳам кардан наметонад
Ва он монанди ман ҳатто
Ба кас дил додану ранҷидану бӯсидану
эҳсоси буданро намедонад.
Ман аз баҳри тамоми рӯи олам гиря хоҳам кард
Чу борон мечакад ҳар ашки чашмонам
Ба рӯи гул, ки аз хушкӣ намесабзад
На аз хушкист ин, эй одамон, чун бо хасу хошок пур гардида аз дасти тамоми мо,
Замини мо,
замони мо,
ҷаҳони мо!
Барои гиря кардан ҳам, ба фикрам нест имконе,
Ки бояд ҷои ин бар ҳар касе пайғоми бедорӣ расонидан бувад беҳтар!
Ба ҷои гиря кардан шодӣ мехоҳам!
Ба ҷои гиря ман озодӣ мехоҳам!
* Пораи оҳан – роботҳо
Внимание! Это не конец книги.
Если начало книги вам понравилось, то полную версию можно приобрести у нашего партнёра - распространителя легального контента. Поддержите автора!Правообладателям!
Данное произведение размещено по согласованию с ООО "ЛитРес" (20% исходного текста). Если размещение книги нарушает чьи-либо права, то сообщите об этом.Читателям!
Оплатили, но не знаете что делать дальше?